kievs.com.ua

muk

Поиск по сайту
Поиск по каталогу

Каталог продуктов и сервисов



MUK International: Тоҷикистон

MUK COMPUTERS намояндаи маҳаллии гурӯҳи ширкатҳои МУК дар Тоҷикистон мебошад, фаъолияташро дар моҳи августи соли 2014 оғоз намуд

Дар айни ҳол портфолиои ширкат дар худ шартномаҳоро бо ширкатҳои пешрав дар соҳаи технологияи иттилоотӣ дарбар мегирад: AEG, Alcatel-Lucent, Arista, Benq, Bitdefender, Brickcom, Commscope, е.НОТ, EMC, Fortinet, Grandstream, HPE, IBM, Infinidat, InFocus, Inspur, IXIA, KUB, Landesk, Unify, YSoft, ZyXEL. MUK COMPUTERS бозингари фаъол дар бозори IT мебошад, ба шарикон дар амалисозии лоиҳаҳои ҳаргуна масштаб ва душворӣ ёрӣ мерасонад.

IT ва тиб

Яке аз лоиҳаҳои асосӣ, ки аз тарафи ширкати MUK COMPUTERS ва шарикони он дар соли гузашта амалӣ сохта шуда буд кор дар IT-инфрасохтори Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар асоси ҳал блейд-системаи HPE c7000 мебошад, ки худро зиёд аз даҳҳо солҳои даври инкишофӣ ҳамчун ядрои бо эътимоди маркази коркарди маълумотҳо тавсия намуд. Бар сифати системаи умумии нигоҳдорӣ СНМ (системаи нигоҳдории маълумотҳо) 3PAR интихоб шуда буд, барои нусхабардориҳои захиравӣ – системаи дискии Store Once 4500, ки дедупликатсияи маълумотҳоро бо таносуби фишурдасозии зиёдтар аз 1:20 дастгирӣ мекунад.

Барои муҳофизати маълумот аз хатарҳои хакерӣ ҳалли HPE Next Generation Firewall S8005F интихоб шуда буд, ки имконияти тоза кардани трафики шабакавиро дар суръати 10 Гб/с медиҳад. Тамоми шабакаи интиқоли маълумотҳо пурра дар таҷҳизоти HPE Networking сохта шудааст, бар сифати маршрутизаторҳо моделҳои MSR4024, MSR3024 ва MSR 930 интихоб шуда буданд, чун коммутаторҳо бошад – HPE 1920-16G ва HPE 1405-5G v2. Тамоми таҷҳизотҳои шабакавӣ ба таври мутамарказ бо ёрии таъминоти барномавии HPE IMC идора карда мешаванд. Инчунин бояд қайд кард, ки бар сифати ҷевонҳои серверӣ, UPS ва PDU ҳамчунин таҷҳизоти HPE истифода бурда мешавад.

Баланд бардоштани тахассус

Ширкати MUK COMPUTERS барои пешравии брендҳо дар бозор бисёр кӯшиш мекунад, захираҳои назаррасро барои гузаронидани ҳар гуна чорабиниҳо барои муштариён ва шарикон ҷудо мекунад, ки онҳо имконияти муфассалтар шиносои кардан бо ҳалҳои пешниҳодшуда ва онҳоро боз ҳам машҳуртар кардан медиҳад. Мисоли хуби чунин фаъолнокӣ пешравии ҳалҳои ширкати НР баъди имзо кардани шартномаи паҳнкунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад – дар ин ҷо якбора якчанд чаробиниҳои асосии ҳамкорӣ гузаронида шуда будандке аз онҳо, HPE Day, дар ноҳияи Варзоб дар комплекси истироҳатии «Мардон» гузашта буд ва ба ҳар гуна ҳалҳои НР барои сохтани IT-инфрасохтори бо эътимоднок бахшида шуда буд. Намояндагони ширкат доир ба тамоюли соҳибкории сервери НР, ҳалҳои шабакавӣ, инчунин системаҳои нигоҳдорӣ, ки бо истифодаи флеш-технологияҳо сохта шудаанд, аз он ҷумла СНМ НР конвергентӣ сухан рондаанд.

Боз як семинари ҳамкории HPE Day дар Душанбе гузаштааст. Дар ин чорабинӣ, ҳозирон маърӯза оиди хатти навсозишудаи системаҳои нигоҳдории маълумотҳо, инчунин оиди ҳалҳои серверии Hewlett-Packard Enterprise шунавиданд. Ғайр аз ин маҳсулотҳои барномавии ширкат дида баромада шуда буданд. Инчунин бояд тақдими ҳалҳои шабакавии НР аз LAN то марказҳои маълумотии муосир қайд кардан лозим аст.

Имкони супоришдиҳӣ ва санҷиш гузаронидани маҳсулотҳо, ки дар мақола қайд шудаанд, дар намояндагии маҳаллии гурӯҳи ширкатҳои МУК - MUK COMPUTERS дархост кардан мумкин аст. Барои гирифтани маълумоти муфассал оиди ҳалҳои онҳо ва ба даст гирифтани ин ҳалҳо, шиносои бо барномаҳои ҳамкорӣ ва бо VAD-сервисҳои пешниҳодшуда, инчунин бо барномаҳо оиди гузаронидани чорабиниҳои муштарак ба тел. +992 446-60-66-99 ё суроғаи электронии tajikistan@muk.tj муроҷиат намоед.


Маълумот барои тамос:

Мук Компютерс

734025, Тоҷикистон, ш. Душанбе,

кӯч. Р. Набиев, 353

Телефон: +992 446-60-66-99

E-mail: tajikistan@muk.tj

www.muk.tj

Следите за нами в социальных сетях —